Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

Хатмкунандагони зинаи магистратура бо ихтисоси Радиоэкология соҳиби дипломи аъло гаштанд

18.09.2024

Хатмкунандагони зинаи магистратура бо ихтисоси Радиоэкология соҳиби дипломи аъло гаштанд

 

 

Истиқлолу озодӣ ба он мусоидат намуд, ки дар баробари дагар соҳаҳо соҳаи илму маориф низ ба пешравии назаррас ноил бигардад. Дар баробари ин барои беҳтар намудани сатҳу сифат ва рушди ин ё он соҳа дар доираи мутахассисони ҷавобгу ба талаботи замон боиси он гашт, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои илмии мамлакат ихтисосҳои нав таъсис дода шавад.     


Соли 2021 дар пойгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, масхусан  дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ зинаи магистратура бо ихтисоси "Радиоэкология" таъсис ёфта, аввалин довталабони худро қабул намуд. Дар соли 2023,  5-нафар магистрант рисолаи магистрӣ ҳимоя намуда, соҳиби дипломи мутахассиси ин ришта гаштанд.


Радиоэкология яке аз соҳаҳои навтаъсис  буда, мигратсияи радионуклидҳоро дар биосфера ва таъсири онро дар организмҳои зинда ва муҳити зистро меомӯзанд. 


Соли 2024 бошад дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ зинаи магистратураро бо ихтисоси "Радиоэкология",  таҳти роҳбарии илмии таҷрибадору увондор 9 нафар магистрантон, аз ҷумла 4 нафар кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ рисолаи магистрӣ ҳимоя намуданд, ки 2 нафарашон соҳиби дипломи аъло гаштанд. 

 

 

Муминов Сафаралӣ яке хатмкунандагони фаъоли зинаи магистратура  бо ихтисоси "Радиоэкология" мебошад, ки бо дипломи аъло сарфароз гардидааст.  Номбурда фаоълияти худро дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ низ мувафаққона пеш мебарад.


Таъсиси зинаи магистрартура бо ихтисоси "Радиоэкология" яке аз дастовардҳои АМИТ маҳсуб ёфта, аз сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.